Огоҳӣ ё эълонҳое, ки дар гирду атрофи шаҳр нашр шудаанд, ба корҷӯён ваъда медиҳанд, ки метавонанд ҳафтае 1000 доллар даромад дошта бошанд -- ду баробар даромади моҳонаи аксари сокинони Бишкек.
Дар ин эълонҳо гуфта мешавад, ки ин кор фақат ба се то чаҳор соати кор дар рӯз ниёз дорад ва хароҷоти сафари коргар ва ҷойи истиқоматаш ҳам пардохт хоҳад шуд.
Вақте Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба ҳисоби телеграмие, ки дар он эълон зикр шуда буд, тамос гирифт, посухе дарёфт кард, ки ин кор интиқоли маводи мухаддири ғайриқонуниро низ дар бар мегирад.
Ин пешниҳоде аст, ки бо вуҷуди хатарҳои ҷиддӣ, бисёре аз шаҳрвандони Қирғизистон онро пазируфтаанд.
Муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир дар Русия метавонад ба 20 соли зиндон то ҳабси абад, маҳкум шавад.
Мирлан Токтобеков, ҳуқуқшинос дар масоили муҳоҷират ба Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ гуфт, "давраи кории як интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бисёр кутоҳ аст -- дар беҳтарин ҳолат ду ҳафта идома мекунад".
Ба гуфтаи вай, "аз ҳама ҷиноятҳое, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия содир мекунанд, аксарияташ ба маводи мухаддир марбут аст. Ман ахиран дар як парвандаи додгоҳӣ иштирок кардам, ки дар он як шаҳрванди Қирғизистон, соли таваллудаш 1998, барои интиқоли як баста ба 15 сол зиндон маҳкум шуд".
"Вақте замони пардохти пул фаро расид, созмондиҳандагон онҳоро ба пулис месупоранд ва онҳо боздошт мешаванд", - гуфт Токтобеков.
Дар ин мавридҳо, хориҷиҳое, ки дар тиҷорати маводи мухаддир Русия сару кор мекунанд, имкони камтари ҳимоят аз худро доранд. "Ҳуқуқҳои шаҳрвандони мо дар Русия бисёр заъиф ҳимоят мешаванд. Ба осонӣ метавон иттиҳомҳои иловагиро ба онҳо бор кард. Мардуми Осиёи Миёна ҳадафи осоне барои ин нақшаҳо ҳастанд".
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, мақомот барои пайдо кардани созмондиҳандагоне, ки шаҳрвандони Қирғизистонро ба фаъолияти ҷиноӣ дар Русия ҷалб мекунанд, талош доранд.
Қанибек Усейнов, намояндаи Хадамоти назорати маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, корҳои тафтишотӣ дар ҳамкорӣ бо Русия ва дигар ҳукуматҳои Осиёи Миёна ҷараён дорад. Дар як амалиёти ахир мақомоти Қирғизистон як сайти интернетии фурӯши маводи мухаддирро бастанд ва се гумонбар: як шаҳрванди Қирғизистон, як узбек ва як русро боздошт карданд.
Усейнов гуфт, азбаски ҳама чиз онлайнӣ сурат мегирад, муайян кардани ҷойи қочоқбарон хеле душвор аст. Ӯ дар мавриди талоши ҷалби коргарон гуфт, "ин эълонҳоро шаҳрвандони худ мо гузоштаанд".
Барои хориҷиёне, ки дар Русия ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешаванд, паёмадҳои он метавонад фаротар аз ҳукми зиндон бошад.
Ба гуфтаи Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия, дар ҳоли ҳозир беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар зиндонҳои ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.
Тақрибан 70 дарсади онҳо аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд. Ин зиндониён аксар вақт барои ҷанги Русия дар Украина ҷалб мешаванд.
Тибқи тарҳи "Зистан мехоҳам"-и Украина, ҳоло дар ин кишвар беш аз 3000 шаҳрванди Осиёи Миёна дар канори нерӯҳои Русия зидди Украина меҷанганд.
Гуфтугӯ