Аз панҷ қурбонии садамаи мудҳиши нақлиётӣ чор нафарашон варзишгарони мактаби гӯштии Суғд будаанд

Ноболиғони 16-сола Муслиҳиддин Мирзошавкатзода, Муҳаммадхон Асадхонзода, Ҳадятулло Сулаймонов дар садамаи 29 май ҷон доданд. Акс аз саҳифаи фейсбукии МД ММВ Кохи варзишии Ланглиф

Аз панҷ мусофири садамаи маргбори нақлиётии ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд чаҳор нафарашон варзишгарони Мактаби гӯштии кохи варзишии “Ланглиф” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов будаанд.

ВКД Тоҷикистон навишт, ки дар ҳодисаи бархурди мошини мусофирбари “Опел-Комбо» ба автомашинаи «Опел-Зафира» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 29 май панҷ нафар ҷон бохтааст. Манбаъ мегӯяд, бар асари бархурди мошинҳо сӯхтор сар зада дар ҳар ду мошин ронанда ва мусофирони «Опел-Зафира» Ҷумъаҳмедов А.Қ., ноболиғони 16-сола Муслиҳиддин Мирзошавкатзода, Муҳаммадхон Асадхонзода, Ҳадятулло Сулаймонов, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов, инчунин мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», Обидҷон Обидови 31-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ВКД мегӯяд, ронандаи «Опел-Комбо», Қурбанбоев Д.А. ва се нафар мусофирони автомашинаи «Опел-Зафира» ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Дар саҳифаи фейсбукии мактаби варзишии “Ланглиф” аз ҳодисаи даргузашти фоҷеабори варзишгарони ин муассиса изҳори ҳамдардӣ шудааст. Ба навиштаи ин манбаъ, Атохон Ҷумъаҳмедов мураббии муассиса буда, Муслиҳиддин Мирзошавкатзода, Муҳаммадхон Асадхонзода ва Ҳадиятулло Сулаймонов дастпарварони ин мактаби варзишӣ будаанд.

Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон як мушкили дерина ва дарднок дониста мешавад. Ҳар сол садҳо нафар дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон ҷон медиҳанд.

Рӯзи 20 май дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҳам садамаи мудҳише рух дод, ки боиси марги панҷ нафар гардид. Дар он ҳодисадар роҳи Душанбе-Хоруғ ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер” ҳангоми ҳаракат идораи мошинро аз даст додааст ва мошин ба рӯдхона афтодааст. Худи ронанда ва як мусофири дигар аз мошин ҷаҳида зинда мондаанд, бақияи мусофирон, ки дар байнашон як тифли яксола ва ду навраси 9 ва 10-сола буданд, ҷон додаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳалокати 5 нафар дар як садамаи нақлиётӣ дар СуғдПанҷ кас ҷон бохт. Тасодуфи маргбор дар ЁвонПанҷ қурбонии як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Дарвозро ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд