Боздошти "корманди ҳифзи ҳуқуқ" барои дуздиву қаллобӣ

Пулиси вилояти Хатлон аз боздошти марде хабар дод, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо истифода аз боварии сокинон дар чанд ҳолат даст ба қаллобӣ задааст.

Ба иттилои идораи пулиси вилоят, марди 31-солаи сокини Душанбе ба яке аз маркази хидматрасонии бонкии "Душанбе ситӣ" дар ноҳияи Дӯстӣ даромада, аз як корманди марказ 15 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб мезанад.

Корманди ин марказ дар навори пахшнамудаи мақомот тасдиқ мекунад, ки боздоштшуда худро корманди прокуратура муаррифӣ кардааст. Маълум нест навор дар чӣ шароит сабт шудааст.

Пулис мегӯяд, дастгиршуда бо ҳамон шева, яъне муаррифии худ ҳамчун корманди ҳифзи ҳуқуқ аз чанд дӯкони гӯштфурӯшии сокинони ноҳияи Дӯстӣ аз ҳазор то ду ҳазор сомонӣ бо ваъдаи баргардонидан гирифтааст.

Нисбати марди гумонзад ба қаллобӣ ва дуздӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Назари ӯ ба чунин иттиҳом маълум нест.