Мақоми чечен гуфт, Шепихин "рабуда не, боздошт шуд"

Истгоҳи роҳи оҳани Ярославский дар Маскав

Як намояндаи мақомоти Чеченистон рӯзи 4 июн гуфт, ки Арег Шепихин, як блогере, ки дар бораи чеченҳову дини Ислом шарҳҳои тунде ба забон овардааст, “рабуда неву, боздошт шудааст”. Ҳодиса шоми сешанбе дар назди истгоҳи Роҳи оҳани Ярославский рух дод.

Чанд нафар Шепихинро дар миёни издиҳоми мардум боздошт намуда, дар пеши чашми муҳофизон зӯран ба бордони мошини сигналдоре андохта ба ҷои номаълум бурданд. Навори видеоии рабуда шудани ин мард дар чандин Телеграм-канал нашр шуд. Рӯзи 4 июн намояндагони мақомоти Чеченистон гуфтанд, ки блогер боздошт шуда буд.

Хабарнигорон менависанд, ки рақами мошин хоси кормандони сохторҳои ҳифзи қонун мебошад. Субҳи чоршанбе сомонаи Shot навишт, шаш нафаре, ки эҳтимолан дар рабоиши Шепихин иштирок карданд, озод шуданд.

Ин нафарон гӯё гуфтаанд, ки кормандони Росгвардия буда, як гумонбар дар содир кардани ҷиноятро боздошт карданд. Баъди сару садои зиёд дар шабакаҳо, вазири сиёсати миллии Чеченистон Аҳмад Дудаев дар Телеграм навишт, ки ВКД Чеченистон аз рӯи як қатор иттиҳомҳо Шепихинро бозпурсӣ мекунад.

Ӯ афзуд, Шепихин “рабуда неву бо дасти кормандони сохторҳои ҳифзи қонун, ки бо идораҳои дахлдори Маскав ҳамкорӣ мекунанд, боздошт шудааст”. Ӯ гуфт, Шепихинро бар асоси “муқаррароти тафтишотӣ” ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб хоҳанд кард. Дар куҷо будани Шепихин маълум нест, вале Baza бо такя ба маълумоти худ навишт, ки ӯро латукӯб ва маҷбур карданд, ки дар навори видеоӣ узрхоҳӣ кунад ва соатҳои 12 шаби 3 июн озод карданд.

Телеграм-канал ВЧК-ОГПУ гуфт, ки «блогер бо кӯмаки Кремл ва муовини аввали ФСБ Сергей Королев» озод карда шуд. Тасдиқи дурустии ин иттило дар даст нест. ВКД-и Русия ин хабарро шарҳ надодааст.

Дар гузашта сохторҳои ҳифзи қонуни Чеченистон чандин бор даст ба рабоиши онҳое задаанд, ки дар Чеченистон зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз ҷумла, бо чунин роҳ Седа Сулаймонова аз Петербург ва Зарема Мусоева аз Нижний Новгород рабуда шуда буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Рамазон Қодиров ба оилаи ҳомии ҳуқуқ таҳдид кардШарҳи зиддунақизи мақомоти Чеченистон дар бораи рабоиши Тарамова